дурустӣ — [درستي] саҳеҳӣ, ростӣ; ҳалолӣ, дуруст будан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дуппа-дуруст — [دپه درست] гуфт. аз ҳар ҷиҳат солим, тандуруст: одами дуппа дуруст … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
маъқул — [معقول] а 1. он чи ба воситаи ақл дарк шудааст; аз рӯи ақл, оқилона 2. писандидаи ақл; писандида; мақбул, хушоянд; хуб, нек; гапи маъқул сухани оқилона; гапи дуруст; маслиҳати маъқул маслиҳати дуруст; фикру мулоҳизаи қобили қабул: маъқул афтодан… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ислоҳ — [اصلاح] а 1. беҳ (дуруст) кардан; тасҳеҳ, беайбу нақс кардан 2. кит. сулҳу оштӣ, созиш кардан; ислоҳ кардан (намудан) дуруст кардан, камбудиҳоро бартараф намудан; ислоҳ шудан а) беҳ (дуруст) шудан; б) созиш кардан; ба ифоқа омадан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
саҳеҳ — [صحيح] а 1. тандуруст, солим, беайбу нуқс; саҳеҳу солим сиҳату саломат 2. дуруст, рост, аниқ; саҳеҳу ғалат дуруст ва хато; ҷавоби саҳеҳ додан дуруст ҷавоб гардондан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ҳаққ — I [حق] а 1. рост, дуруст; гапи ҳақ гапи рост, гапи дуруст 2. ростӣ, дурустӣ, ҳақиқат 3. баҳра, музд, ҳисса; ҳаққи меҳнат музди кор; ҳақ додан музд додан; дар ҳаққи… а) дар бораи…, оид ба…; б) барои; ба ҳаққи Худо қасам; ҳаққ асту рост ибораест,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бутун — I [بتون] т 1. том, комил; нони бутун нони нашикаста; тухми бутун тухми дуруст, тухми солим; як рӯзи бутун тамоми рӯз, рӯзи дароз; бутун будан дуруст будан, бенуқсон будан 2. тамоман, комилан, пурра ◊ адади бутун риёз. адади ба ҳиссаҳо… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гумроҳ — [گمراه] 1. гумкардароҳ, саргар дон, овора 2. маҷ. аз роҳи дуруст баромада, ба роҳи хато рафта; мунҳарифгашта; гумроҳ кардан касеро аз роҳи дуруст баровардан, бероҳа кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ғалат — [غلط] а 1. хатое, ки нафаҳмида содир шудааст; хато, саҳв, иштибоҳ 2. нодуруст; ғалати чопӣ хатои чопӣ, хатое, ки дар нашр рӯй додааст; ғалат гирифтан саҳеҳ (дуруст) кардани хатое, тасҳеҳ кардани навишта ё гуфтаи касе; муқ. ғалатгирӣ; ғалат гуфтан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
забон — [زبان] 1. узви дохили даҳон, ки барои ба гулӯ фурӯ додани ғизо, донистани таъм ва инчунин дар инсон барои нутқ хизмат мекунад 2. маҷмӯи воситаҳои овозӣ ва луғавию дастурӣ, ки натиҷаи кори тафаккурро инъикос намуда, алоқа ва мубодилаи афкори… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ